Дар ноҳияи Восеъ оид ба тозагии маҳал ва соҳил ташаббус нишон дода шуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, аҳли ҷамоат ва ҷалби кормандони касбу кори гуногун дар маркази шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия оид ба тозагии маҳал ва соҳил ташаббус нишон дода шуд.
Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Фирӯз Нуралиев ба АМИТ «Ховар» гуфт, ки мақсад аз гузаронидани иқдом ва чорабиниҳои экологӣ- ин дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллиамон мебошад. Тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳал ва каналу ҷӯйҳо, инчунин шинонидани гулҳои мавсимӣ, дарахтони ҳамешасабзу сояафкан аз ҷумлаи корҳои иҷрошуда мебошанд.
Дар ин маъракаи ободонӣ беш аз 800 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, идораи роҳ, ҷавонон, аҳли ҷамоат ва дигар ташкилоту муассисаҳо фаъолона иштирок намуда, дар тозагии кӯчаю маҳали худ ва соҳили ҷӯйю дарёҳо саҳм гузоштанд. Беш аз 2 километр канали обгузар дар Ҷамоати деҳоти Гулистон, ҷамоатҳои деҳоти Миралӣ Маҳмадалӣ, Рӯдакӣ, Вайсов, Худоёр Раҷабов ва Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳия аз тариқи техникаю трактор тоза шуданд.
Дар баробари ташаббуси тозагии маҳал ва соҳил ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар назди корхонаву ташкилот, муассиса ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Восеъ ба хотири баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ва тозаю озода нигоҳ доштани назди корхонаву ташкилот, муассисаву марказҳои саломатӣ, бозорҳо, марказҳои савдою хизматрасонӣ ва атрофи кӯчаю маҳал ҳашари умуминоҳиявӣ гузаронида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ бо ҷавонони фаъоли ноҳияи Тоҷикобод вохӯрӣ баргузор шуд
Доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН. Таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар cарбанди Неругоҳи «Роғун» шинос шуданд
САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Барои рушди ин соҳа дар Бадахшон зиёда аз 422 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи «Роғун» аз хобгоҳи бунёднамудаи ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун ду иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бинои нави нозироти андози шаҳрро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Роғун бинои нави Прокуратураро ифтитоҳ намуданд
«ИСТИҚЛОЛ» — ЗУҲУРОТИ НАВИ АМЕТИСТ. Он бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст






