Дар Сеул ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Сеул Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Корея Ким Ҷин Пё мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.
Иброз гардид, ки мулоқоти имрӯза ба рушди муносибатҳои байнипарлумонии ду давлат такони ҷиддӣ мебахшад.
Гуфта шуд, ки фаъол гардидани гурӯҳҳои ҳамкории байнипарлумонӣ ва ҳамчунин робитаҳои кумитаҳои дахлдор ба таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ ва ба рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Корея дар доираи шарикии дарозмуддат мусоидат менамояд.
«Бо мақсади ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои байнипарлумонӣ Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея таъсис дода шуд, — иттилоъ дод Маҳмадтоир Зокирзода. — Маҷлиси намояндагон ҷонибдори ҳамкории фаъоли мақомоти қонунгузории ду давлат мебошад».
Тазаккур дода шуд, ки мубодилаи сафарҳо дар сатҳҳои гуногун, иштирок дар чорабиниҳо, инчунин муколамаи ошкоро оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ имкон медиҳад, ки робитаи байнипарлумонӣ таҳким ёбад.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода аз 18 то 20 сентябри соли 2023 дар Конфронси якуми раисони парлумонҳои давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея», ки дар шаҳри Сеул баргузор гардид, иштирок намуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






