Дар шаҳри Душанбе вохӯрии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ доир мешавад
Марказӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 10.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар шаҳри Душанбе дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал вохӯрии ҳузурии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вохӯрӣ аз ду ҷаласаи панелӣ иборат буда, масъалаҳои «Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ», «Ташаббусҳои экологии Осиёи Марказӣ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор»-ро мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода, вобаста ба мавзуъҳои мазкур меҳмонону иштирокдорон мубодилаи афкор менамоянд.
Доир ба масъалаҳои баррасишаванда ва вобаста ба андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби иштирокчиён тавсияҳои ҳамкорӣ дода шуда, ба унвони сарони давлатҳо изҳороти аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ қабул мешавад.
Инчунин дар назар аст, ки аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ ва ҳайати расмии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон дар доираи баргузории чорабинӣ бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва маҷмааи «Кохи Наврӯз» шинос шуда, дар Фестивали «Оши палав» ва чорабинии фарҳангии «Шоми дӯстӣ» иштирок намоянд.
Сафари кории меҳмонон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 рӯз идома ёфта, 15 сентябр аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ бо Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






