Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷаласаи пешаздаъватӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аввали моҳи октябр дар мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад. Дар робита ба ин ҳафтаи равон бо иштироки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, сохторҳои қудратӣ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ якчанд ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни пешаздаъватӣ баргузор гардиданд.
Тавре дар Вазорати мудофиаи мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масоили вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва диққати аввалиндараҷа зоҳир намудан ба сатҳу сифати чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҷаласа буд, ки бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир шуд.
Дар робита ба ин роҳбарияти Вазорати мудофиа нахуст доир ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат ва тақвият бахшидани сатҳи омодабошии ҷангӣ сухан гуфтанд. Ҳамзамон дар назди иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, интихобу ба сафи Артиши миллӣ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат, пешгирии роҳҳои ғайриқонунии даъват ва сифатан хуб ташкил намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ вазифаҳо гузошта шуданд.
Ҳамзамон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дақиқан муайян намудани шумораи захираҳо ва бо ҷалби қувваҳои эҳтиётӣ ташкилу баргузор намудани ҷамъомаду машғулияти нақшавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳиму баррасишавандаи ҷаласа ба шумор мерафт.
Бо изҳори нигаронӣ аз вазъи ноустувор ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир таъкид шуд, ки ба масоили таҳким бахшидани тамоми самту соҳаҳои Артиши миллӣ, бо масъулияти баланд муносибат намудан дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳама гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, ташкили ҳамоҳангӣ бо мақомоти масъули вобастаи давлатии даъват, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум ва ҷавонони синни даъватӣ ва баҳри амалӣ намудани ҳамкории мутақобилан судманд бо аҳли ҷомеа диққати аввалиндараҷа равона шавад.
Дар охири ҷаласа ба масъулини дахлдори Вазорати мудофиа оид ба рафъи монеаву мушкилоти даъвати баҳории соли равон, сари вақт бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва баҳри дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид






