Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷаласаи пешаздаъватӣ доир шуд

Сентябрь 20, 2023 16:30

ДУШАНБЕ, 20.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аввали моҳи октябр дар мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад. Дар робита ба ин ҳафтаи равон бо иштироки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, сохторҳои қудратӣ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ якчанд ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни пешаздаъватӣ баргузор гардиданд.

Тавре дар Вазорати мудофиаи мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масоили вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва диққати аввалиндараҷа зоҳир намудан ба сатҳу сифати чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҷаласа буд, ки бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир шуд.

Дар робита ба ин роҳбарияти Вазорати мудофиа нахуст доир ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат ва тақвият бахшидани сатҳи омодабошии ҷангӣ сухан гуфтанд. Ҳамзамон дар назди иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, интихобу ба сафи Артиши миллӣ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат, пешгирии роҳҳои ғайриқонунии даъват ва сифатан хуб ташкил намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ вазифаҳо гузошта шуданд.

Ҳамзамон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дақиқан муайян намудани шумораи захираҳо ва бо ҷалби қувваҳои эҳтиётӣ ташкилу баргузор намудани ҷамъомаду машғулияти нақшавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳиму баррасишавандаи ҷаласа ба шумор мерафт.

Бо изҳори нигаронӣ аз вазъи ноустувор ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир таъкид шуд, ки ба масоили таҳким бахшидани тамоми самту соҳаҳои Артиши миллӣ, бо масъулияти баланд муносибат намудан дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳама гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, ташкили ҳамоҳангӣ бо мақомоти масъули вобастаи давлатии даъват, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум ва ҷавонони синни даъватӣ  ва баҳри амалӣ намудани ҳамкории мутақобилан судманд бо аҳли ҷомеа диққати аввалиндараҷа равона шавад.

Дар охири ҷаласа ба масъулини дахлдори Вазорати мудофиа оид ба рафъи монеаву мушкилоти даъвати баҳории соли равон, сари вақт бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва баҳри дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2023 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд
Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қочоқи беш аз 90 кг маводи мухаддир пешгирӣ гардид
Дар Хатлон гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ бо 102 кг маводи нашъаовар дастгир шуд