Дар Женева бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид

Сентябрь 29, 2023 15:52

ДУШАНБЕ, 29.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар Женева  бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева  32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон  бо тантана ҷашн гирифта шуд.

Дар ҳамоиши идона ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол муаррифӣ гардида, аксҳо, манзараҳои зебои мамлакат, китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъриху фарҳанги тоҷикон, намунаҳои санъати миллии тоҷик, аз ҷумла либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар ҳамоиши идона Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода  таваҷҷуҳи ҳозиринро ба аҳамияти Истиқлолият, ҳифзи арзишҳои он, дастовардҳои даврони соҳибихтиёрӣ, инчунин дар бораи дурнамо ва ҳамкории судманди фарогир байни Тоҷикистону созмонҳои байналмилалӣ ва Конфедератсияи Швейтсария ҷалб намуд.

Дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  як қатор  меҳмонони воломақом, аз ҷумла роҳбарону намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Швейтсария, ташкилоту идораҳои байналмилалӣ ва Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳни (WIPO) дар  шаҳри Женева иштирок намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Сентябрь 29, 2023 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд