ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Омодагиҳо ба даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 октябр даъвати шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад. Вобаста ба мавзуи мазкур мухбири АМИТ «Ховар» бо сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Фариддун Маҳмадализода мусоҳиба баргузор намуд.
АМИТ «Ховар»: Омодагиҳо ба мавсими навбатии даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ дар кадом сатҳ қарор доранд ва дар ин давра кадом корҳо ба анҷом расиданд?
Фариддун Маҳмадализода: Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ» аз 1 октябри соли 2023 даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад. Дар робита ба ин давоми моҳи сентябр як силсила чорабиниҳои ташкилӣ ва ҷаласаҳои умумӣ баргузор шуданд. Аз ҷумла, таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат — Раиси комиссияи давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба давъати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ Матлубахон Сатториён, бо ҳузури роҳбарият ва ҳайатҳои фармондеҳии Вазорати мудофиа, фармондеҳони нави қӯшунҳо, комиссарони ҳарбии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дигар мақомоти масъули давлатӣ дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории пешаздаъватӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа ва дигар ҷаласаҳо масъалаҳои вобаста ба иҷрои Фармони Президенти мамлакат, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват ва гусели шаҳрвандон баррасӣ шуданд. Диққати асосӣ ба он равона шуд, ки сатҳ ва сифати давъати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба таври шоиста баланд бардошта шавад.
Бояд иброз намуд, ки доир ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии Тоҷикистон, тақвият бахшидан ба сатҳи омодабошии ҷангӣ роҳбарияти Вазорати мудофиа дар ҷаласаҳои корӣ маърузаҳо намуда, ба иштирокдорони ҷаласа вобаста ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, интихоб ва ба сафи артиши миллӣ фиристодани ҷавонони солим, бардам, болаёқат ва дорои руҳияи азими ватандӯстӣ, пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват суҳбат ва машваратҳои зарурӣ анҷом доданд. Баҳри сифатан хуб ташкил ва ба роҳ мондани ин чорабинии муҳими сиёсӣ вазифаҳо дода шуданд. Илова ба ин ба роҳбарони комиссариатҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба масъалаи дақиқан муайян намудани шумораи захираҳои сафарбарӣ ва бо ҷалби қувваҳои эҳтиётӣ ташкилу баргузор намудани ҷамъомаду машғулияти нақшавӣ дастурҳо дода шуданд.
Ҳамчунин дар ҳама ҷаласаҳои пешаздаъватӣ вобаста ба вазъи ноустувору зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир мулоҳиза баён шуда, таъкид шуд, ки фаъолияти артиши миллӣ дар ҳама самтҳо бояд намунавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бошад ва ҳар хизматчии ҳарбӣ дар иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, уҳдадориҳои хизматӣ масъулияти баланд зоҳир намояд. Дар ҳама зинаҳо пеши роҳи содиршавии қонуншиканиҳо, хусусан қонуншиканиҳои дорои хусусияти коррупсионӣ гирифта шавад, фаъолият бо мақомоти масъули ба давъати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ вобастабуда дар ҳама вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамоҳанг гардад. Зарур дониста шуд, ки дар байни сокинон, хусусан ҷавонони синни даъватӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ боз ҳам бештар тақвият дода шаванд.
АМИТ «Ховар»: Дар ҷаласаҳои пешаздаъватӣ фаъолият дар даъвати баҳорӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд ё не?
Фариддун Маҳмадализода: Бале. Он ҳама камбудӣ ва норасоиҳое, ки дар ҷараёни даъвати баҳорӣ ошкор гардиданд, мавриди таҳлил ва баррасии роҳбарияти Вазорати мудофиа қарор дода шуданд. Дар робита ба ин дастур дода шуд, ки бояд ҳама монеа, мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта бартараф шаванд. Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб гузаронида шавад.
АМИТ «Ховар»: Оид ба раванди ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, маълумот дода метавонед?
Фариддун Маҳмадализода: Дар баробари даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҳамчунин моҳҳои октябр-ноябр марҳила ба марҳила ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати хизматро иҷро намудаанд, анҷом дода мешавад. Ин сарбозон бояд бо билети ҳарбӣ ва роҳкиро барои то ба манзили зист расидан таъмин шаванд. Умуман, ҳамаи фармондеҳони нави қӯшунҳои ҳарбӣ, командирони қисмҳои ҳарбӣ, командирони қисмҳои алоҳидаи тобеи Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳо вазифадор шуданд, ки гусели сарбозонро муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ анҷом диҳанд.
Дар баробари ҳамин ба ҳама ҳайати фармондеҳӣ супориши қатъӣ дода шудааст, ки барои бо ҷойи хоб, макони буду бош, хӯрок ва дигар шароити зарурӣ таъмин намудани шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ даъват шудаанд, тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Таъкид шуд, ки бояд ҳар шаҳрванди ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда аз рӯзи нахустини ба қисми ҳарбӣ ворид шудан ғамхории Давлат ва Ҳукумати мамлакатро дар симои командири даста, қисми ҳарбӣ, фармондеҳони қӯшунҳо ва роҳбарияти Вазорати мудофиа дарк ва ҷавобан ба ин ғамхориҳо хизмати ҳарбии ҳатмиро ба Ватан-Модар содиқона ва бо ифтихор иҷро намояд.
Мусоҳиб А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»