Дилшод Назаров дар маросими эстафетаи машъали Бозиҳои Осиёӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Сентябрь 20, 2023 15:33

ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Машъали Бозиҳои Осиёӣ ба шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардуми Чин расид, ки дар ин маросим варзишгари муваффақи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ — Дилшод Назаров низ иштирок намуд. Дар ин хусус аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Маросими эстафетаи машъали бозиҳо 8 сентябр дар кӯли Сихуи шаҳри Ханжоуи музофоти Чжэтсзян оғоз шуд. Нахустин шуда, машъалро шиновар, чемпиони олимпӣ Ло Сюэтсзюан ба даст гирифт. Эстафетаи машъали Бозиҳои тобистона дар 11 шаҳри музофоти Чжэтсзян то 20 сентябр идома ёфт.

20 сентябр машъали мусобиқа ба шаҳри Ханжоу оварда шуд ва дар ин рӯз дар қатори дигарон чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-2016, дорандаи 3 медали тилло ва 1 медали нуқраи Бозиҳои Осиёӣ — Дилшод Назаров таҳти рақами 162 ин машъалро ба даст гирифта, роҳпаймоӣ намуд.

Хотиррасон менамоем, ки байни намояндагони 45 давлати қора Дилшод Назаров ягона муаррифи Тоҷикистон дар эстафетаи машъали Бозиҳои Осиёӣ ба ҳисоб меравад. Дар таърихи Бозиҳои Осиёӣ Дилшод Назаров аввлин нафаре аст, ки дар эстафетаи машъали бозиҳо иштирок менамояд.

Ба ҳамин тартиб, машъал давоми рӯз дар шаҳри Ханжоу давр гардонда шуда, то маросими кушодашавии бозиҳо эстафета ба анҷом мерасад. Ҳамарӯза чемпиону ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ ва ҷаҳон дар масофаи муайяншуда машъалро мегардонанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 20, 2023 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад