Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ табиби халқиро бо унвони «Доктори фахрии ДДХ» сарфароз гардонид

28 сентябр 2023, 09:28

ХОРУҒ, 28.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шурои олимони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба ҷарроҳи дараҷаи олӣ ва табиби халқӣ Ширинбек Давлатмамадов дар ҳузури олимон ва шогирдону ҳамкасбон унвони «Доктори фахрии ДДХ» -ро тақдим намуд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан иттилоъ додааст.

Ин табиби шинохтаи ҷумҳурӣ, ки 84 сол умр дорад, бештар аз 200 мақолаву асарҳои илмӣ таълиф намудааст. Вай дар муддати тӯлонӣ аз кӯҳсорони ноҳияи Ишкошим намунаҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахшро ҷамъоварӣ намуда, мутобиқи меъёрҳои илми муосир коркард намуд ва банду басту баҳрабардорӣ аз гиёҳҳоро ба роҳ монд. Шурои олимони донишгоҳи Хоруғ мақолаву асарҳои илмиашро, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ба нашр расидаанд, мутолиаву баррасӣ намуда, ӯро ба гирифтани ин унвон сазовор донист.

Давоми 60 соли фаъолият мавсуф дар соҳаи тиб бо чандин мукофоту ҷоизаҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шудааст. Соли 2002 унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2013 ордени Гиппократи Академияи илмҳои халқии Федератсияи Русияро гирифт. Соли 2021 яке аз се барандаи Ҷоизаи байналмилалии Ҷонҷу барои пешбурди мероси фарҳангии ғайримоддӣ шуд, ки ҳамасола дар давлати Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад. Ҳоло раҳбарии созмони ҷамъиятии гулу гиёҳҳоро низ бар дӯш дорад.

      Аз назари  Ширинбек Давлатмамадов  гиёҳдармонӣ яке аз беҳтарин усулҳои табобат буда, бояд дар асоси меъёрҳои илми муосир  ва ташхиси дақиқ ба роҳ монда шавад. Ба муолиҷаи ниёзмандон  танҳо пас пешниҳоди санадҳои ташхиси озмоишгоҳ шуруъ намудан зарур аст. Дар дорухонаи  ин табиби ҳозиқ дору ва давоҳои гуногун,  ки аз растаниҳои шифобахш омода шудаанд, дар шакли хока, моеъ  ва табиӣ мавҷуд мебошанд. Ду фарзандаш низ касби падарро интихоб намудаанд.

Дар ҳудуди Бадахшон бештар аз 200 номгӯй гулу гиёҳ ва растаниҳои шифобахше мерӯянд, ки ҳанӯз на ҳамаашон мавриди таҳқиқ ва таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтаанд. Табиби халқӣ Ширинбек Давлатмамадов ва шогирдонаш тасмим гирифтаанд, ки ҳарчӣ бештар ин гулу гиёҳҳоро кашф, таҳқиқ ва коркард намуда, дар табобати беморон аз онҳо ба таври васеъ истифода   баранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

28 сентябр 2023, 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»