«ДУШАНБЕ-ИНВЕСТ 2023».Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими ифтитоҳи расмии Форуми байналмилалии сармоягузорӣ
ДУШАНБЕ, 29.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар Кохи Истиқлоли шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» оғоз гардид. Дар он намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, вазорату кумита ва дигар сохторҳои мамлакат иштирок доранд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳадафи форум муаррифии бештари шароит ва имконоти фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин фароҳамсозии имконият барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳисоб меравад.
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими ифтитоҳи расмии ин форум пешниҳод мегардад.