ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад

Апрель 15, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик Устод Садриддин Айнӣ (1878-1954) мебошад.

– Устод Айнӣ дар баробари дигар хизматҳои мондагораш дар таърихи забону адаб ва илму фарҳанг ҳамчунин аз устодони бузурги мактаби илмию амалии фарҳангнигорӣ ва луғатнависии тоҷикӣ ба шумор меравад.

Устод Айнӣ аз шахсиятҳои миллатсоз буда,  дар бунёду эҳё ва таҳкими забони модарӣ ва суннатҳои миллии тоҷикӣ нақши мондагор дорад. Зиндагӣ ва корномаи Устод Айнӣ нишони он аст, ки ҳастии як миллатро на фақат силоҳу зӯри бозу ва марзҳои мустаҳкаму сарбозонаш нигаҳ медоранд, балки хирад, фарҳанг, илму дониш ва маърифати баланд низ метавонад дар баробари силоҳ нигаҳдор ва пуштбони ҳувияти як халқ бошад.

Дар аввали асри ХХ Устод Айнӣ дар мақолаву очеркҳо, шеъру достонҳо ва повесту романҳояш аз таърих, забон, адаб ва ҳунару фарҳанги миллати тоҷик озоду ошкоро дифоъ менамуд ва мардумро ба худшиносӣ даъват мекард. Он солҳо беш аз дигарон дар мақолаҳои «Масъалаи тоҷикон», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Забони тоҷикӣ», «Дар атрофи забони тоҷикӣ» ба дифои ҳуқуқу ҳастии тоҷикон баромада, қадимӣ, таърихӣ ва бумӣ будани миллаташро исбот намуд. Ӯ ба муқобили иддае аз зиёиёни он рӯзҳо, ки забони тоҷикиро забони кӯҳна мепиндоштанд, баромада, ботил ва беасос будани чунин ақидаҳоро фош мекард ва таъкиду исбот менамуд, ки тоҷикон забони адабии оммафаҳми беш аз ҳазорсола доранд. Ҳамин аст, ки Устод Айнӣ то кунун на танҳо дар муҳити халқи тоҷик, балки дар байни ҳамаи тоҷикон ва форсизабонони дунё маъруф аст.

Таъсири осор ва шахсияти Айнӣ аз рӯзи ба арсаи фаъолияти серпаҳлуи эҷодӣ пардохтану бо номи нек шинохта шуданаш шуруъ гардида, то кунун вусъат дорад. Ин далели он аст, ки  вай шахсияти асил ва эҷодкори мумтоз мебошад. Солҳо сипарӣ мешаванд, вале арзиши осори Айнӣ ва шахсияти ӯ кам намегардад. Дар маҳфилу нишастҳо ва осори пажӯҳишии илмию тадрисӣ ёди устодро гиромӣ медоранд ва эҷодиёти серпаҳлую фарохашонро фаровон истифода мекунанд. Ҳоло бузургтарин донишмандон дар дилхоҳ пажӯҳиш аз осори Устод Айнӣ далел меоранд. Ҳамаи ин чирадастӣ ва мӯшикофии эҷодиёти Устод Айниро бозгӯйӣ мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баъди навсозӣ ба истифода додани Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ 6 ноябри соли 2017 иброз доштанд, ки «корномаи беназири Устод дар таърихи миллати мо камназир буда, тамоми умри бобаракати ӯ барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон ва ба сифати миллати қадимӣ эътироф гардидани онҳо сарф шудааст».

То ба имрӯз дар мавриди хизматҳои ӯ дар шинохти миллати куҳанбунёди мо – таърих, забон, адабиёти ин миллат, махсусан, замоне, ки тақдири мардуми тоҷик дар зери хатар қарор дошт, ниҳоят бузург аст ва  ин нуктаро аз ҳамсафонаш, ба мисли устод Абулқосим Лоҳутӣ сар карда, то удабо ва уламои имрӯза гуфтаанд ва эътироф намудаанд. Таъсири Устод Садриддин Айнӣ ба таърихнигорон, нависандагон ва олимони баъди ӯ хеле амиқ аст ва онҳо бузургии устодро эътироф кардаанд.

Айниро на фақат олимони Шарқ, балки олимони рус ва Ғарб низ эътироф мекунанд. Танҳо барои намуна мо  суханони  шарқшиноси машҳури чех Иржи Бечкаро ёдовар мешавем, ки гуфтааст: «Шахсан ман ба адабиёти тоҷик баъд аз ҷанг ошно гардидам. Ба ман алалхусус асарҳои Садриддин Айнӣ таъсири амиқ гузоштанд».  Ба таъкиди Иржи Бечка, Устод Садриддин Айнӣ яке аз машҳуртарин нависандагони асри XX ба шумор меравад. Иржи Бечка, ки осори Устод Айниро таҳқиқ карда, мақолаҳои зиёде дар бораи ҳунар ва фаъолияти адабии ӯ навиштааст, ба чунин хулоса меояд: «Қисса ва ҳикояҳои мардуми Осиёи Миёна сарчашмаи беназир ба шумор мераванд…Дар байни онҳо наср, махсусан «Ёддоштҳо» – и Устод Садриддин Айнӣ чун асосгузори адабиёти имрӯзаи тоҷик ҷойи намоёнро ишғол менамояд».

Бояд гуфт, ки «Ёддоштҳо»-и Устод Айнӣ донишномае аст, ки дар он расму ойин, адабиёт, таърих, саргузашти одамони гуногун, рӯзгори шахсиятҳои маъруф, муҳити адабӣ, таълим дар мадрасаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, шароити зиндагии деҳоту шаҳр, афсонагӯӣ, латифагӯӣ, ойинҳо ва ҷашнҳои мардумӣ хеле сода, самимӣ ва барои хонанда хотирмон тасвир шудаанд. Муҳим он аст, ки ҳама навиштаҳои устод дар «Ёддоштҳо» сарчашмаи воқеӣ дошта, метавон онҳоро ҳамчун санади муҳими мардумнигорӣ, фолклорӣ, ҷомеашиносӣ ва амсоли ин мавриди истифода қарор дод.

Ёдовар мешавем, ки 8 сентябри соли 1997 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба устод Айнӣ унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. Инчунин соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100-солагии зодрӯзи Садриддин Айнӣ дар тамоми ҷаҳон таҷлил гардида, яке аз хиёбонҳои бузурги пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе, як ноҳия дар шимоли мамлакат ва Театри  давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба номи устод гузошта шуданд. Инчунин муҷассама ва нимпайкараҳои Устод Айнӣ дар шаҳри Душанбе  ва чандин шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистону Узбекистон қомат афрохта, акси нависанда дар асъори миллӣ – 5 сомонӣ тасвир шудааст. Дар шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанд осорхонаҳои адабӣ ва ёдгории нависанда ташкил карда шудаанд.  Яке аз  боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе номи Айниро дорад ва дар он мақбараи устод бунёд карда шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 15, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон
Махсусияти навини рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Чин
Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Доир ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд
Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд