Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 15 то 18 апрел дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд. Солҳои охир ба амал омадани чангу ғубор ба яке аз мушкилоти ҷиддии экологӣ ва санитарӣ табдил ёфта, ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Мутахассисони соҳаи тиб иброз намуданд, ки ифлосшавӣ ва олудашавии муҳити зист яке аз сабабҳои муҳимтарини паҳншавии бемориҳо маҳсуб шуда, аз омилҳои аслии фавти нобаҳангом дар саросари ҷаҳон гардидааст.
АМИТ «Ховар» вобаста ба таъсири чангу ғубор ба саломатии инсон бо мудири шуъбаи таҳлили Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёт»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Анварова ҳамсуҳбат гардид.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, «чангу ғубор ба инсон таъсири манфӣ мерасонад ва сабаби авҷ гирифтани бемориҳо мегардад. Дар чунин рӯзҳо бемориҳои гуногуни дилу рагҳо, бемориҳои шуш, варам, омос ва осеби аллергиявӣ меафзояд».
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ муайян кардааст, ки ифлосшавии ҳаво ҳамасола боиси марги беш аз 7 миллион нафар мешавад ва тибқи таҳқиқоти соли 2019 гузаронида ин рақам ба 9 миллион нафар расидааст.
Барои пешгирӣ аз авҷи ин бемориҳо одамон кадом тадбирҳоро бояд амалӣ намоянд? Сурайё Анварова афзуд, ки ҳангоми нафаскашӣ чангу ғубор ба шуш, луобпардаи бинӣ ва чашм медарояд, ки ин на танҳо ангезишҳои механикӣ, балки бемориҳои аллергиро низ пайдо мекунад. Дар чунин рӯзҳо инсонҳо бояд ниқоб истифода намояд.
Инчунин нафарони гирифтори бемориҳои музмини системаи нафаскашӣ ва намудҳои гуногуни аллергия бояд дар берун кам сайру гашт намоянд. Ҳамарӯза маконҳои истиқоматӣ, махсусан ҳуҷраҳои хонаро тамиз намуда, ҳавои хонаи истиқоматиро бояд намнок намуд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки таъсири ҳавои гардолуд ба саломатии инсон гуногун буда, метавонад ҳам кӯтоҳмуддат ва ҳам дарозмуддат бошад. Аз ҳама бештар кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомила ва шахсони гирифтори бемориҳои дилу шуш осебпазиранд. Инчунин ҳавои пурчангу ғубор боиси афзоиши бемориҳои роҳҳои нафас, шиддатёбии астма ва бронхит, бемориҳои дилу раг, аллергия, пастшавии масуният ва зиёдшавии хатари сактаи дил ва сактаи мағз мегардад.
Таҳқиқоти байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки таъсири дарозмуддати зарраҳои майдаи чангу ғубор метавонад давомнокии умри инсонро коҳиш диҳад ва сатҳи бемориҳоро дар ҷомеа баланд бардорад.
Ба андешаи олими тоҷик, яке аз роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор зиёд намудани дарахтони паҳнбарг, ҳамешасабз, буттазор ва ҷангалзор мебошад. Дарахтони паҳнбарг, ки умрашон дароз ва қадашон баланд аст, ба мисли тӯс, сӯзанбаргҳо, ҷалғӯза, чинор, беду сафедор, булут, ки чангу ғуборро бештар ба худашон мегиранд, бояд дар тамоми минтақаҳои мамлакат шинонида шаванд. Инчунин майдони боғу токзорро мебояд васеъ намуд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд






