ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ. Суратгузориш аз намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 сентябр дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода бо намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд шинос шуданд.
Масоҳати умумии Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ 30 гектарро ташкил дода, дар роҳравҳои марказии он намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил гардид.
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки ҳамзамон дар дигар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт баргузор мегардад, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни умумимиллӣ — 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар намоиш-фурӯш сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полезиҳо, меваҷот, сабзавоти тару тоза, молҳои саноатӣ, хӯрокворӣ, нушокиҳои ташнашикан, машрубот, консерваҳо, маҳсулоти қаннодӣ, нассоҷӣ, қолинбофӣ, пойафзол ва ғайра пешниҳоди меҳмонон гардид.
Ҳунарҳои мардумӣ, катҳои бо нақшу нигори миллӣ кандакоришуда, маҳсули дасти ҳунармандони чирадаст, оҳангарон, дуредгарон, либосҳои миллии занона ва мардона гушаҳои дигари намоиш-фурӯшро зебу зиннат доданд.
Бояд тазаккур дод, ки ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни муқаддаси истиқлоли давлатӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои бошукуҳи фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.
Суратгузориш аз намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд пешниҳод мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»






































Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






