Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузории лоҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон баён намуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи Фонди рушди Қатар Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ба роҳбари фонди мазкур лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус маблағгузории сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, лоиҳаи сохтмони Фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонию боркашонӣ, модернизатсияи ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) пешниҳод гардида, дархост карда шуд, ки фонди мазкур барои маблағгузории онҳо мусоидат намояд.
Директори иҷроияи Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузорӣ дар сохтмони НБО-и «Роғун» изҳор намуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд






