Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Барои иштирок дар вохӯрӣ ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Президентони Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон Садир Жапаров, Туркманистон Сердар Бердимухамедов, Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳамчун меҳмони фахрӣ Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ташриф оварданд.
Аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратӣ қабули якчанд санадҳои муҳим дар назар аст, ки асоситарини он Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Дар Тоҷикистон 13-14 сентябр дар доираи ин вохӯрӣ якчанд чорабинӣ бо иштироки давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардида истодаанд, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкории давлатҳои минтақа дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ нигаронида шудаанд.
Пойдории муколамаи боэътимод ва рушди минбаъдаи муносибатҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамаи самтҳо яке аз авлавият дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
«Вохӯриҳои сатҳи олӣ дар Душанбе ба таҳкими раванди рушди ҳамкории минтақавӣ ва пойдории баъдии амнияту субот дар минтақа мусоидат менамоянд», — таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ҳамзамон бояд таъкид намоем, ки 15 сентябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






