Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 06.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво рӯзона то 34 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар баъзе ноҳияҳо шамол аз самти шарқ бо шиддати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук 5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа гарм, рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.








«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид






