ИСТЕҲСОЛОТИ ВАТАНИРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЕМ! Саноат – муҳаррики муҳим ва асосии истеҳсолоти ватанӣ

Сентябрь 14, 2023 11:18

ДУШАНБЕ, 15.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат  барои  таъмини рушди устувори иқтисодиёти Ватанамон  замина  гузошта, имконияти мусоид барои истифодаи маблағҳои қарзӣ гардидааст.

Имрӯз Бонки Эсхата ба мизоҷон — соҳибкорони тиҷорати миёна ва корпоративӣ дастгирии молиявиро дар намуди қарз пешниҳод менамояд.

Акнун маҳсулоти нави қарзӣ бо номи “Рушди саноат” бо шартҳои муфид дастраси мизоҷон аст. Ҳадаф аз коркарди чунин маҳсулоти қарзӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба давлат дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ, зиёд намудани ҳаҷми сандуқи қарзии тиҷорати хурду миёна ва корпоративӣ ва дастгирии соҳибкорон дар самти ривоҷу равнақ додани истеҳсолоти ватанӣ мебошад.

Шартҳои қарзи «Рушди саноат»:

  • Маблағи қарз то 35 млн сомонӣ (баробар бо асъори хориҷӣ)
  • Муҳлати карз то 36 моҳ барои қарзҳо бо асъори миллӣ

то 60 моҳ барои қарзҳо бо асъори хориҷӣ, агар мақсади

қарз зиёд намудани воситаҳои асосӣ бошад

  • Фоизи қарз барои қарзҳо бо асъори миллӣ аз 20% то 22% солона
  • Фоизи қарз барои қарзҳо бо асъори хориҷӣ аз 10% то 12% солона

Бонк истеҳсолоти ватаниро дастгирӣ менамояд.  Дар 8 моҳи соли равон аз  ҷониби Бонки Эсхата дар ҳаҷми 2 544 921 876 сомонӣ маблағи қарзӣ пешниҳод гардидааст.

Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои истеҳсолии ватанӣ мо якҷоя баҳри рушди соҳаи саноати мамлакат саҳм мегузорем.

АКС: Бонки Эсхата

Сентябрь 14, 2023 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.6876 то 10.7000 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2504 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1184 то 0.1151 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2916 то 9.3500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1141 то 0.1120 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8639 то 10.7000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3150 то 9.3500 сомонӣ муқаррар шудааст
Таҳкими ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар бахши молиявӣ баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1133 то 0.1120 сомонӣ муқаррар шудааст
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3307 то 9.3800 сомонӣ муқаррар шудааст