Истиқлолият — бузургтарин дастоварди миллати тоҷикро бояд чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем
ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ менамоянд. «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем», — пайваста таъкид месозанд Пешвои миллат. Ин матлабро корманди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Тағоев дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст, баён намудааст.
Номбурда дар идомаи мақола чунин изҳори назар намудааст:
— Мояи ифтихор аст, ки айни замон Тоҷикистон дар самти рушд қадамҳои устувор гузошта, дар минтақа ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидааст. Сатҳи иқтисодиёт баланд шуда, ҷумҳурӣ ба мамлакати содиркунанда табдил ёфт. Дар ин пешрафт махсусан, нақши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле арзишманд аст. Таъкид намудан бамаврид аст, ки мақомоти гумрук зодаи даврони истиқлол буда, маҳз бо шарофати ин неъмати бузург ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтори мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети мамлакат мубаддал гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки дар нахустин солҳои Истиқлолияти давлатӣ мақомот, иншооти гумрукӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳаи гумрук қариб ки мавҷуд набуданд. Танҳо як нуқтаи гумрукии Панҷи Поён ба мерос монда буд ва беш аз 2350 километр сарҳадоти маъмурӣ бо ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ба сарҳади давлатӣ табдил ёфтанд. Дар чунин шароити мураккаби вазъи сиёсии соли 1992 бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти гумрук таъсис дода шуд ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифи гумрукӣ» таҳия ва тасдиқ гардид.
Тӯли 32 соли Истиқлолияти давлатӣ дар самти таҳкими заминаи моддию техникӣ Хадамоти гумрук ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, қариб тамоми дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва биноҳои маъмурӣ дорои заминаи моддию техникии муосир гардиданд. Аз ҷумла, бо мақсади таҷҳизонидани дидбонгоҳҳои гумрукӣ бо воситаҳои муосири назорати гумрукии ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ дар доираи ҳамкорӣ бо Чин ба маблағи беш аз 30 миллион доллар кумаки техникӣ-таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ, воситаҳои техникии назорати гумрукӣ тақдим ва ба кор дароварда шуданд, ки кормандони мақомоти гумрук аз онҳо истифода менамоянд. Аз ҷониби Ҳукумати Корея пешниҳоди кумакҳои техникӣ ба маблағи 4,5 миллион доллар, ки ба такмили зернизоми Идораи таваккали Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона /СИАЯ/ равона гардидааст, ки кори он соли гузашта ба анҷом расонида шуд.
Хотиррасон мешавем, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар соҳаи гумрук даҳҳо иншооти нав ба истифода дода шуда, садҳои дигар таъмиру таҷдид гардиданд. Дар масоҳати 24 гектар дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён» ва Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук бунёд гардида, бо таҷҳизоти назоратии замонавӣ таъмин шудаанд. Инчунин дидбонгоҳҳои гумрукии «Кулма», «Қизил-Арт», «Қарамиқ», «Айвоҷ», «Қӯштегирмон» «Гулистон» ва Терминали «Дӯстӣ» ба истифода дода шуда, чандин иншооти гумрукӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, биноҳои дидбонгоҳҳои гумрукии «Тем», «Рузвай», «Ишкошим», «Нов», «Пролетар», «Пахтаобод», «Хушодӣ», «Патар», «Регар» ва ғайра мавриди истифода қарор гирифтанд. Терминали гумрукии «Мурғоб» сохта шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид. Дар ин давра мақомоти гумрук дорои таҷҳизоти назоратии муосир шуд. Кормандони мақомоти гумрук барои пешбурди фаъолияти хизматиашон бо таҷҳизоти муосири коргузорӣ, муоина ва назорати гумрукӣ таъмин гардиданд.
Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб аъзои Созмони ҷаҳонии гумрук /СҶГ/ ва беш аз 100 конвенсияю созишномаҳои байналмилалии соҳаи фаъолияти гумрукӣ буда, роҳбарияти мақомоти гумруки мамлакат дар самти таҳкими ҳамкории байналмилалии гумрукӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Барои арзёбии самтҳои гуногуни фаъолияти мақомоти гумрук ва мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҳайати ташхисӣ-тадқиқотии Созмони ҷаҳонии гумрук ба ҷумҳурӣ омада, коршиносони он заминаҳои қонунгузории гумрукӣ, рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ ва иҷрои муқаррароти ин Созмон оид ба содагардонии расмиёти савдоро таҳлил намуда, барои маъмуригардонӣ ва мутобиқсозии фаъолияти Хадамоти гумрук бо талаботи муосир тавсияҳо доданд. Аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Мусоидат ба ҳамкории фаромарзӣ тавассути идоракунии босамари сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон» соли 2022 дидбонгоҳи гумрукии «Кокул» сохта, муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Шукрона бояд кард, ки истиқлол ва соҳибихтиёрӣ насиби мо гашт, ба шарофати он ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шудем, аммо аз ин набояд хотирҷамъу фориғбол бошем. Зеро дар марҳилаи хеле мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза зиндагӣ мекунем ва дар ин давра ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ аз пештар бештар ниёз дорем. Ин нуктаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурда, борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз