«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — НЕРУИ МУТТАҲИДСОЗИ МИЛЛАТ». Дар «Саноатсодиротбонк» ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бо иштироки роҳбарият, ҳайати кормандони бонк ва меҳмонон таҳти унвони «Истиқлолияти комил — неруи созандаи миллат» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.
Тазаккур дода шуд, ки истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози иштирок дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.
Тоҷикистон давоми 32 соли Истиқлолияти давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастҷамъиро дар минтақа бе иштироки фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур намуд.


Имрӯз аз баракати Истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва давлатеро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва он дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро доро аст. Истиқлолияти комил, якдилӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат маҳз ба заҳматҳои шабонарӯзии ин марди асил- қаҳрамони миллати тоҷик, Пешвои муаззами тамоми тоҷикони дунё алоқаманд аст, ки хишти асосии пойдевори сарҷамъии ин миллатро гузоштаву дар охири қарни 20 ва аввали қарни 21 таърихсозӣ намуда, мақому манзалати миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд.
Дар идомаи ҷаласа кормандони фаъоли Бонк барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа бо ифтихорномаю раҳматномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»













Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд






