«КОХИ НАВРӮЗ» — ШОҲКОРИИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ ҳатман ба ин макони тамошобоби Душанбе меоянд
ДУШАНБЕ, 05.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе, ки ба феҳристи «8 муъҷизаи СҲШ» шомил гардидааст, яке аз шоҳкориҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳё, рушди таъриху тамаддуни бой ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик бунёд гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз то анҷоми корҳои сохтмонӣ аз ин кох пайваста дидан намуда, барои беҳбудии кор, эҳёи таърих, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ тавсияҳо медоданд ва таъкид мекарданд, ки бигузор ин бинои муҳташам асрҳои аср ҳамчун ганҷинаи фарҳанг, таъриху тамаддун, расму оин ва ҳунармандии халқи тоҷик ба оламиён ёдгор монад.
Корҳои сохтмонии кох 5 сол идома ёфта, 12 сентябри соли 2014 зимни баргузории ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки роҳбарони давлатҳои аъзо ва нозир бинои «Кохи Наврӯз» расман ба истифода дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 21 июни соли 2019 дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Пекин ба муносибати Рузи таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) лоиҳаи иқтидорҳои сайёҳии кишварҳои аъзои Созмон таҳти унвони «8 муъҷизаи СҲШ», ки дар ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзо роҳандозӣ гардида буд, аз ҷониби котиботи ин Созмон муаррифӣ карда шуд. Дар ин чорабинии сатҳи баланд «Кохи Наврӯз»-и пойтахти Тоҷикистон ба сифати муъҷизаи муосир муаррифӣ гардида, ба қатори 8 муъҷизаи Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шуд. Ҳозирин аз санъати наққошӣ, кандакорӣ, чубкорӣ, гаҷкориву ойинабандӣ ва ҳунари сангтарошии мардуми тоҷик тариқи аксу нигораҳо ва роликҳои видеоӣ аз наздик шинос шуданд.
Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» дар маркази пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, бо усули меъмории миллӣ сохта шуда, дар ҷаҳон бемисл аст. Маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, наздики 40 ҳазор метри муррабаъ кори дастии ҳунармандони тоҷик мебошад. Дар таҳхонаи бино таваққуфгоҳ мавҷуд аст, ки дар он дар як вақт имкони ҷойгир намудани 250 мошин вуҷуд дорад. Дар кох дар умум дар як вақт имкони қабули 3 ҳазору 200 меҳмон мавҷуд аст.
Кохи Наврӯз» дорои 15 толор мебошад, ки «Зарандуд», «Гулистон», «Дидор» ва «Аржанг» калонтарини онҳо ба шумор мераванд. Ба ғайр аз ин боз чунин толорҳо: боулинг, билярд, диско-клуб, кинотеатр 3D, 4D, 5D, кофе брейк — хонаи интизорӣ, се толори дигар барои шахсони муҳим (VIP) ва тарабхонаи замонавии аврупоӣ ба кох ҳашамати зиёд зам намудаанд.
Дар ин кохи муҳташам чорабиниҳои муҳими байналмилаливу минтақавӣ бо ҳузури сарони кишварҳои олам баргузор карда мешаванд. Аз ҷумла 17 сентябри соли 2021 ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва 20-умин солгарди таъсиси СҲШ дар толори «Зарандуд»-и ин маҷмаа доир гардид.


Бояд гуфт, ки толори бошукӯҳу барҳавои «Зарандуд» яке аз калонтарин толорҳои маҷмаа ба ҳисоб меравад. Он 1000 метри мураббаъ масоҳат дошта, бо санъати гаҷкорӣ, гаҷкорӣ дар рӯйи оина ва тиллокорӣ ороиш дода шудааст. Баландӣ, дарозӣ ва паҳноии он 36-метрӣ мебошад. Қутри қандиле, ки дар он мавҷуд аст, 10 метр ва баландияш 22 метр буда, зиёда аз 6 ҳазору 700 килограм вазн ва 1 600 чароғаки каммасраф ва технологияи махсусе дорад, ки барои тоза кардан, иваз кардани чароғакҳо ва дигар корҳои техникӣ поён фароварда ва боло бароварда мешавад.
Толори мазкур 16 андар 16 ва 16 мебошад. Яъне дар толор 16 сутуни баландияш 16-метра мавҷуданд, ки дар болои онҳо 16 нимгунбаз ҷой дода шудаанд. Инчунин дар он 16 – тои дигар карнай, ҳавокаш, меҳроб, гунбаз, арк ва тиреза мавҷуд мебошанд, ки ҳар кадоми инҳо рамзе доранд. Ин рамзи Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 16 ноябри соли 1992 оғоз гардид ва 16 рӯз идома ёфт.
Имрӯзҳо «Кохи Наврӯз» яке аз маконҳои асосии ташрифи сайёҳон ба шумор рафта, ганҷинаи муҳими шаҳри Душанбе мебошад. Тамоми меҳмонони сатҳи баланд, сайёҳони дохилию хориҷие, ки ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд, ҳатман аз ин макон дидан менамоянд ва бо санъати нотакрори миллати тоҷик шинос мегарданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд






