Кормандони милитсия дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ вохӯриҳо баргузор намуданд
ДУШАНБЕ, 16.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми ҳафтаи равон масъулини хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони милитсияи ноҳияи Ванҷ дар доираи нақшаи чорабиниҳои профилактикии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати М.Абдуллоеви ноҳия суҳбату вохӯрӣ ва корҳои пешгирикунандаи судманд доир намуданд.
Вохӯриҳои мазкур дар доираи таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ» амалӣ шуда, ба тарбияи ватандӯстӣ, дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, пешгирии содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни ноболиғон ва баланд бардоштани маърифату савияи ҳуқуқии ин табақаи ояндасози ҷомеа равона гардидаанд.
Зимни баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар муассисаҳои таълимӣ кормандони милитсия доир ба масъалаҳои тарғиби тарзи ҳаёти солим, омӯзиши илмҳои муосир, дар оянда соҳибкасб гардида ба нафъи мардуми ҷумҳурӣ хизмат намудан, дурӣ ҷустан аз оворагардию беҳудагардӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва арзиши олӣ донистани муқаддасоти Ватан сухан гуфтанд.
Ҳамзамон масъулини хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ доир ба зарурати таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар байни милитсия, мактаб ва волидайн, яъне ҷомеа ҳарф зада, ин иқдомро таҷрибаи самаровар дар баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии насли наврас ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ намуданд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Бадахшон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






