Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд

Октябрь 10, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар соли 2026 баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  академия.

Дар даври якуми озмун донишу малака ва сатҳи омодагии касбии иштирокдорон аз рӯйи якчанд самт санҷида шуд. Аз ҷумла, иштирокдорон бо забони давлатӣ иншо навишта, аз забони русӣ диктант иҷро намуда, донишу малакаи худро дар самти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ тавассути санҷиши тестӣ нишон доданд.

Дар даври дуюми озмун бо иштирокдорон суҳбат гузаронида шуда, дар натиҷаи ҷамъбасти натиҷаҳои озмун иштирокчиёни сазовор ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат хоҳанд гирифтанд.

Ҳадафи асосии баргузории озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дастгирӣ намудани иқтидори роҳбарӣ ва касбии занон, мусоидат ба иштироки бештари онҳо дар идоракунии давлатӣ, тақвияти нақши занон дар рушди хизмати давлатӣ ва ташаккули захираи кадрии баландихтисос аз ҳисоби занону духтарони болаёқат мебошад.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 10, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа