Маҳмадалӣ Ватанзода ва Файзулло Наҷмиддиниён бо сокинони шаҳри Роғун мулоқот намуданд

Сентябрь 6, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Наҷмиддиниён дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо сокинони шаҳри Роғун  мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни мулоқот Маҳмадалӣ Ватанзода ва Файзулло Наҷмиддиниён таъкид намуданд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷараёни амалигардонии ҳадафҳои  стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон возеҳу мушаххас баён гардида, вазъи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон, буҳрони иқтисодӣ ва молиявӣ, инчунин роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда махсус таъкид шуд.

Пешвои миллат бо такя ба фаъолияти мақоми олии қонунгузори ҷумҳурӣ  иброз доштанд, ки рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати мамлакат тақозо менамоянд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин шаванд.

Ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз Парлумони мамлакат талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад.

Зимнан, таъкид шуд, ки вазифаҳои дар назди мо қарордошта тақозо менамоянд, ки фаъолияти Маҷлиси Олӣ ҷиҳати қабули қонунҳои саривақтии мукаммал ва босифат боз ҳам тақвият дода шавад.

Ин масъала дар навбати худ ҳамкории зичу доимии Парлумонро бо дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва татбиқи ҳуқуқ талаб менамояд.

Иброз гардид, ки яке аз муҳимтарин нуктаҳои дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат вобаста ба масъулияти мо таъкид гардида буд, ин омодагии ҳамаҷониба ва ҳиссагузорию мусоидати пайваста ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин росто, Сарвари давлат ҳамчунин дар назди масъулин ва сохторҳои дахлдор вазифа гузоштанд, ки ба ин раванд бо масъулияти том ва ҳисси баланди ватандӯстӣ муносибат намуда, ба масъалаи бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Мутмаинем, ки сокинони ватандӯст ва бонангу номуси мамлакат дар пайи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бо камоли масъулияту ифтихор ҷашни дарпешистодаи   35-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои беназиру самарабахш истиқбол мегиранд.

Мо, вакилони мардумӣ баҳри амалигардонии ҳамаи дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён ёфтаанд, тамоми неру ва малакаву таҷрибаи кории худро равона менамоем.

Дар фарҷоми мулоқот муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Наҷмиддиниён ба саволҳои сершумори сокинони шаҳри Роғун посух гуфтанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд аз 950 иншооти ҷашнӣ 518 адади он сохта ба истифода дода шудааст
Барои сохтмони НБО-и «Себзор» аз ҷониби Бонки Олмонии рушд беш аз 44 миллион евро грант ҷудо мегардад
14 километр роҳи Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода мумфарш мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт 164 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд мешавад
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин бунёд мешавад
Дар даромадгоҳи дарвозаи ҷанубии Душанбе гулгашти назаррабо мавриди истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Долонаи Ашт мактаб ва бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом ба масофаи 51 километр навсозӣ мешавад
Дар Суғд биноҳои иловагии Маркази клиникавии эндокринологӣ ва Маркази саратоншиносӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд лоиҳаҳои иншооти дар соҳили Сирдарё бунёдшаванда муаррифӣ гардиданд
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» дар Душанбе ду тарабхонаи дигар месозад