«МАСНАВИХОНӢ». Дар шаҳри Бохтар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд

Сентябрь 20, 2023 11:14

ДУШАНБЕ, 20.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ» оғоз гардид, ки барои қадрдонӣ намудани ғолибони ҷойи аввали даври вилоятии озмун 3 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 2 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Озмун аз рӯйи як номина – «Қироат ва шарҳ додани ҳикояҳои манзум ва байтҳо аз «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» доир гардида, иштирокчиён ба чор гурӯҳ, яъне хонандагони синфҳои 9-11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ҷудо мешаванд.

Даври ҷумҳуриявии озмуни «Маснавихонӣ» охири моҳи сентябри соли равон дар зодгоҳи шоир — ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки ғолибони даври дуюм аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 24 майи соли равон «Куллиёти Мавлоно» ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ гузаронида мешавад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Сентябрь 20, 2023 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд