МЕТРО ДАР ДУШАНБЕ. Сохтмони он дар кадом сатҳ қарор дорад?

Сентябрь 2, 2023 11:27

ДУШАНБЕ, 02.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 августи соли равон дар вазорати нақлиёт  вохӯрии васеи гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   Кореяи Ҷанубӣ  бо  намояндагони Бонки содиротиву воридотӣ, Ширкати миллии Роҳи оҳани Кореяи ҷанубӣ ва профессорони Донишгоҳ аз Ҷумҳурии Корея  баргузор гардид. Дар рӯзномаи ҷаласа  танҳо як масъала-  сохтмони  роҳи оҳани шаҳрӣ, метро  дар шаҳри Душанбе  мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар интиҳои ин вохурӣ Ёддошт  оид ба омӯзиши  пешакии сохтмон ва ба истифода додани роҳи оҳани шаҳрӣ, метрои сабук  дар шаҳри Душанбе бо Бонки содиротиву воридотии Кореяи Ҷанубӣ  ба имзо расонида шуд.

Вобаста ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори шуъбаи кор бо сармоягузории Вазорати нақлиёт, Роҳбари  гурӯҳи кории доимамалкунанда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ  оид ба сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ, метрои сабук дар шаҳри Душанбе  Суҳроб Нурулло  суҳбат намуд.

— Ташаббуси сохтмони метро аз куҷо сарчашма мегирад ва то имрӯз чӣ корҳо дар ин самт ба анҷом расонида шудаанд?

— Ташаббуси сохтмони метро дар шаҳри Душанбе аз дастур ва роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Вазорати нақлиёт ибтидо  мегирад. Дастгирии пайваста дар ин самт зимни гузаронидани вохӯрӣ ва гуфтушунидҳои корӣ бо шарикон аз Кореяи Ҷанубӣ эҳсос мегардад. Дар робита ба иҷрои дастури Раиси шаҳри Душанбе ва дархости Вазорати нақлиёт сохтмони метро дар шаҳри Душанбе аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун лоиҳаи афзалиятноки хизматрасонӣ барои сифатан беҳтар намудани интиқоли мусофирон дар пойтахт пешниҳод гардид. Ин пешниҳод аз ҷониби Кореяи Ҷанубӣ дастгирӣ ёфт ва бо ин тартиб корҳо дар ин самт шуруъ гардиданд. Тарафҳо бо мақсади сари вақт баррасӣ намудани масъалаҳои вобаста ба сохтмони метро Гурӯҳи кории доимамалкунанда таъсис дода, то имрӯз 16 маротиба вохӯрӣ баргузор намуданд, ки аз ин 3 вохӯрӣ  ҳузурӣ ва 13 вохӯрии дигар маҷозӣ мебошад. 14 марти соли 2022  байни Вазорати нақлиёт ва Ширкати миллии роҳи оҳани Кореяи Ҷанубӣ Ёддошти тафоҳум оид ба сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуд. 22 августи соли равон бо иштироки ҳайати васеи тарафҳо, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии корӣ бо ҷониби Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид. Дар интиҳои ин вохӯрӣ байни Вазорати нақлиёт ва Бонки кореягии содироту воридот Ёддошти хотиравӣ оид ба маблағгузории корҳои омӯзишии пешакӣ ва Асосноккунии техникиву иқтисодӣ  вобаста ба сохтмони метро аз ҷониби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи Бонки содиротиву воридотии Кореяи Ҷанубӣ Квон Биеонг-Юн  ба имзо расонида шуд.

Махсус бояд иброз намуд, ки ҳавасамандӣ ва воқеан зарурати сохтмони метро дар шаҳри Душанберо ҷониби Кореяи Ҷанубӣ мушаххас омӯхта, намояндагони Бонки содиротиву воридотӣ ваъда доданд, ки онҳо на танҳо корҳои омӯзишии пешакӣ, инчунин  таҳияи муфассали лоиҳаро низ маблағгузорӣ менамоянд.

Масъалаи мазкур зимни   баргузории ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки  20 октябри соли 2022 дар шаҳри Сеул баргузор гардид, аз ҷониби Раиси комиссияи тоҷикистонӣ пешниҳод шуд. Яъне ҷониби Тоҷикистон аз ҳар фурсати муносиби ҳамкории дуҷониба  самаранок истифода бурда, ин масъаларо пайгирӣ намуда истодааст. Дар маҷмуъ бояд гуфт, ки корҳо дар ин самт дар якҷоягӣ бо ҷониби Кореяи Ҷанубӣ марҳила ба марҳила пеш рафта истодаанд.

— Лутфан бигӯед, ки лоиҳаи сохтмон дар кадом сатҳ қарор дорад?

— Мехостам миннатдории худро барои таваҷҷуҳ ба ҷараёни татбиқи лоиҳа баён намоям. Дар айни замон мо танҳо дар бораи ба анҷом расонидани корҳои омӯзишии пеш аз лоиҳакашӣ ва Асосноккунии техникиву иқтисодӣ сухан меронем, чунки то оғоз намудани корҳои асосӣ, яъне сохтмони метро якчанд марҳилаҳое вуҷуд доранд, ки онҳоро мо бояд муштаракан бо ҷониби Кореяи Ҷанубӣ ба анҷом расонем. Таҳияи санадҳои дахлдори соҳавӣ, мутобиқ сохтани заминаи ҳуқуқии метро ба қонунгузории амалкунанда, нигоҳдорӣ ва танзими фаъолияти метро дар шаҳри Душанбе ва аз ҳама муҳим, дастрасу худмаблағгузор пешниҳод намудани ин намуди хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат.

Бо қаноатмандӣ бояд иброз намуд, ки дар натиҷаи гузаронидани силсилагуфтушунидҳо ҷониби Кореяи Ҷанубӣ барои гузаронидани корҳои пешакии омӯзишӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор доллари ИМА сармоя ҷудо намуд. Илова бар ин бо мақсади интихоби ширкат барои гузаронидани корҳои омӯзишии пешакӣ моҳи июни имсол Вазорати иқтисод ва молияи Кореяи Ҷанубӣ байни ширкатҳои кореягӣ музояда эълон намуд. Моҳи июли соли равон натиҷаи музояда эълон гардид ва ширкати миллии роҳи оҳани Корея ғолиби озмун эълон шуд. Механизми Кореяи Ҷанубӣ KSP (Барномаи мубодилаи дониши Корея)-ро, ки дар доираи он мо ният дорем ин лоиҳаро марҳила ба марҳила бо ҳамоҳангсозии муваффақонаи гуфтушунид амалӣ созем, мо ҳамчун беҳтарин механизме арзёбӣ менамоем, ки ҳарду ҷониб дар он  дар муддати дароз манфиатҳои иқтисодӣ мегиранд. Ҳамзамон ин механизм метавонад бартарии худро дар бозори мо дар самти ҷалби технологияи Кореяи Ҷанубӣ дар фазои минтақавии Осиёи Марказӣ нишон диҳад.

Бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ниёз ба нақлиёти ҷамъиятӣ рӯз то рӯз меафзояд ва ҳадафи ин лоиҳа ҳамчунин таъмини аҳолии шаҳр бо нақлиёти ҷамъиятии аз ҷиҳати экологӣ тоза бо сифати баланд мебошад. Бо камоли майл бори дигар ёдовар мешавам, ки агар ин лоиҳа бомуваффақият амалӣ шавад, он барои ҳар ду давлат дар  давраи дарозмуддат натиҷаҳои мусбат хоҳад дод.

Зимни гуфтушуниди охирон, ки бо иштироки масъулини ниҳодҳои дахлдор доир гардид ва дар он ҳам намояндагони  ҳар ду мамлакат  баромад намуданд, ҷониби Корея гуфт, ки онҳо аз марҳилаи омӯзишӣ даст кашида, якбора ба марҳилаи асосноккунии техникӣ мегузаранд.

Ҷониби Кореяи Ҷанубӣ тасмим гирифтааст, ки аз 11 то 14 сентябри соли равон дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  семинари омӯзишӣ баргузор намояд. Ҳамчунин тибқи мувофиқаи пешакӣ, дар назар аст, ки то охири соли равон  7 мутахассиси  мамлакатамонро барои омӯзонидани таҷриба ба Кореяи Ҷанубӣ даъват намоянд. Мақсади ин тасмим марҳила ба марҳила омода намудани мутахассисони маҳалӣ барои дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба тарзи муосири  интиқоли мусофирон мебошад.

— Бигӯед, ки бо татбиқи лоиҳаи мазкур кадом натиҷаҳои мусбатро ба даст овардан мумкин аст?

— Чуноне дар боло гуфтем, татбиқи  муваффақонаи ин лоиҳа ба натиҷаҳои зерин оварда мерасонад:

Аввалан, он эҳтиёҷоти аҳолии шаҳрро бо нақлиёти ҷамъиятии навъи замонавӣ таъмин намуда, ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои шаҳр кам менамояд.

Сониян, истифодаи таҷрибаи пешқадами Корея дар сохтмон ва истифодаи роҳҳои оҳан ва технологияҳои муосири кореягӣ дар ин самт метавонад таваҷҷуҳи кишварҳои минтақаро ба ин механизми ҳамкорӣ бештар гардонад.

Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба истифодаи технологияи нақлиётии Корея, ки яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад, манфиатдор аст ва мо ба ҳамкории мутақобилан судманд ниёз дорем. Ва ниҳоят татбиқи ин тарҳ на танҳо ҳамкории Тоҷикистон ва Корея, балки равобити Корея бо кишварҳои минтақаро боз ҳам тақвият хоҳад дод. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло лоиҳаи мазкур ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои Корея аҳамияти бузурги стратегӣ дорад.

— Пас бигӯед, ки он кадом масири шаҳрро дар бар хоҳад гирифт?

— Бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ дар  доираи интихоб намудани нақлиёти роҳи оҳани шаҳрӣ ва амалӣ намудани хизматрасонӣ ба мусофирон тавассути нақлиёти барқӣ  пешниҳоди ширкати Роҳи оҳани миллии Корея бобати ба нақша гирифтани сохтмони роҳи оҳан барои метрои рӯизаминӣ ва истифодаи  системаи метрои сабуки баландсуръат (LRT), Гурӯҳи кории аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкилгардида вобаста ба релефи маҳал, иншооту инфрасохтори мавҷудаи қитъаи роҳ, мутобиқсозии қитъаи роҳ бо сохтмони роҳи оҳани нақлиёти шаҳрӣ,  таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ (роҳандозии бемамониати ҳаракат) ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба нақша гирифтани сохтмони роҳи оҳан барои метрои рӯизаминӣ ва ташкил намудани системаи метрои сабуки баландсуръатро дар қитъаи роҳи аз самти Дарвозаи ҷанубӣ то Сирки давлатӣ, ки дарозии роҳ 10,5 км-ро ташкил медиҳад,  имконпазир ва қобили қабул шуморидаанд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2023 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»