МУБОРАК БОШАД! Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳхат гирифт

Сентябрь 13, 2023 13:22

ДУШАНБЕ, 13.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи мунтахаби Австралия бозиро мусовӣ — 1:1 анҷом дода, дар гурӯҳи «I» мақоми дуюмро соҳиб шуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Бозии мазкур дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 12 ҳазор тамошобин баргузор шуд.

Дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон баъд аз ду бозӣ, ки якеро бо ғалаба ва дигареро мусовӣ анҷом дод, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 апрел то 3 майи соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Хотиррасон мешавем, ки аз ин пеш дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I» дастаи мунтахаби олимпии Лаосро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда буд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2023 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад