«МУРАББИИ СОЛ-2023». Ғолиби даври шаҳрии озмун муайян гардид

Сентябрь 15, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12-13 сентябр даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2023» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсӣ Шукрона Мадиева сазовори ҷойи аввал гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тибқи тартиб, 12-13 сентябр барои муайян намудани донишҳои амалии довталабон кори ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмун бо шиносоӣ бо ҷараёни машғулияти довталабон аз муассисаи таҳсилоти томактабии №45-и ноҳияи И.Сомонӣ оғоз гардида, баъдан аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии №64-и ноҳияи Шоҳмансур, №98-ноҳияи Сино ва №119-и ноҳияи Фирдавсӣ идома ва анҷом ёфт.

Баъди баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ ва амалии довталабони озмуни «Мураббии сол-2023» ва ҷамъбасти холҳои умумии бадастовардаи довталабон мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсӣ Шукрона Мадиева сазовори ҷойи якум,  мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №45-и ноҳияи И.Сомонӣ Манзура Исмоилова сазовори ҷойи дуюм, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №64-и ноҳияи Шоҳмансур Моҳруя Ҷобирова  сазовори ҷойи сеюм ва мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №98-и ноҳияи Сино Маҳина Салимова сазовори ҷойи чорум гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ғолиби даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2023» дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Сентябрь 15, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд