«МУРАББИИ СОЛ-2023». Ғолиби даври шаҳрии озмун муайян гардид
ДУШАНБЕ, 15.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12-13 сентябр даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2023» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсӣ Шукрона Мадиева сазовори ҷойи аввал гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи тартиб, 12-13 сентябр барои муайян намудани донишҳои амалии довталабон кори ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмун бо шиносоӣ бо ҷараёни машғулияти довталабон аз муассисаи таҳсилоти томактабии №45-и ноҳияи И.Сомонӣ оғоз гардида, баъдан аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии №64-и ноҳияи Шоҳмансур, №98-ноҳияи Сино ва №119-и ноҳияи Фирдавсӣ идома ва анҷом ёфт.
Баъди баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ ва амалии довталабони озмуни «Мураббии сол-2023» ва ҷамъбасти холҳои умумии бадастовардаи довталабон мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсӣ Шукрона Мадиева сазовори ҷойи якум, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №45-и ноҳияи И.Сомонӣ Манзура Исмоилова сазовори ҷойи дуюм, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №64-и ноҳияи Шоҳмансур Моҳруя Ҷобирова сазовори ҷойи сеюм ва мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №98-и ноҳияи Сино Маҳина Салимова сазовори ҷойи чорум гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ғолиби даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2023» дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд






