МУРОҶИАТНОМАИ ҶСК «БАРҚИ ТОҶИК» БА МУШТАРИЁНИ НЕРУИ БАРҚ
ДУШАНБЕ, 28.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муроҷиатномаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба муштариёни неруи барқ:
Муштариёни азиз!
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон об манбаи асосии истеҳсоли неруи барқ ба шумор рафта, зиёда аз 90 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад. Ҳамзамон ҳаҷми истеҳсоли барқ ба оби дарёҳо алоқамандии зич дорад.
Ба ҳама маълум аст, ки бо фарорасии мавсими тирамоҳу зимистон бар асари сардиҳо камшавии маҷрои дарёҳо ва захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш, инчунин сол ба сол зиёд шудани талаботи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба неруи барқ боиси норасоии мавсимии неруи барқ мегардад. Чунин вазъият талаб менамояд, ки барои дар фасли зимистон бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Ҳоло манбаи асосии захираи обу энергетикии мамлакати мо, яъне обанбори НБО-и «Норак» то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур шудааст. Вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст.
Вобаста ба ин, аз рӯи ҳисоби мутахассисони соҳа соли равон низ норасоии мавсимии неруи барқ пешгӯӣ шудааст ва вазъи пешгӯишуда танзими реҷаи истифодаи захираҳои обу энергетикиро дар низоми энергетикии мамлакат ва истифодаи сарфакоронаю самараноки неруи барқро дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва манзилҳои истиқоматӣ тақозо менамояд.
Ҳамзамон бо ин, таҷрибаи солҳои қаблӣ собит менамояд, ки ҷиҳати таъмини беҳтари барқ дар мавсими сармо анҷом додани корҳои таъмиру профилактикӣ дар таҷҳизоти шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷониби мутахассисони ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бо мақсади ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода намудани иншооти энергетикӣ дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар якчанд зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд.
Амалисозии ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки шабакаҳои барқӣ ба давраи тирамоҳу зимистон хубтар омода шаванд ва оби сарфагардида дар мавсими сармо барои таъмини шабонарӯзии аҳолӣ бо неруи барқ истифода гардад.
Муштариёни азиз!
Ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба маҳдуд намудани таъминоти барқ манфиатдор нестанд. Вале захираҳои обу энергетикие, ки мо ҳоло дар ихтиёр дорем, ҳаминро талаб менамояд.
Ҳамчунин дар назар бояд дошт, ки захираҳои обу энергетикии дар рӯзҳои мусоид сарфашуда барои дар зимистон бештар бо неруи барқ таъмин намудани муштариён истифода бурда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






