НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ. Деҳқонони ноҳияи Ховалинг дастранҷи худро пешкаши сокинони Душанбе гардониданд

Сентябрь 4, 2023 08:52

ДУШАНБЕ, 04.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Ховалинг баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар намоиш-фурӯш кишоварзони ноҳия 4 тонна картошка, 2 тонна сабзавот, 1 тоннаю 200 кг полезӣ, зиёда аз 4 тонна меваҷот, инчунин 350 кило гӯшт бо нархи нисбат ба бозор арзонро пешкаши сокинони пойтахт гардониданд.

Сармутахассиси шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Хайриддин Одинаев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар 6087 гектар ғалладонагӣ, аз ҷумла 5771 гектар гандум кишт шудааст. Зироати техникӣ: зағир, маҳсар дар 492 гектар, картошка дар 535 гектар, сабазавот дар 342 гектар, полезиҳо дар 36 гектар кишт гардидааст.

Хайриддин Одинаев гуфт, ки дар ҳашт моҳи соли равон 12 ҳазору 50 тонна тонна ғалладонагиҳо, аз  ҷумла 11 ҳазору 450 тонна гандум, 5 ҳазору 490 тонна картошка, 6 ҳазору 320 тонна сабзавот, 500 тонна полезиҳо, 2750 тонна мевагиҳо истеҳсол гардид.  Дар ноҳия дар ин давра   21 ҳазору 190 тонна хӯроки чорво тайёр шудааст.

Боғҳои ҳосилдиҳандаи ноҳия 2084 гектарро ташкил дода, соли равон дар майдони 42 гектар боғҳои нав бунёд гардидаанд.

«Дар ноҳия 25 ҳазору 860 сар чорвои калон, 36 ҳазору 763 сар моли майда, 2266 сар асп, 38 ҳазору 274 сар паранда, 4362 оила занбури асал мавҷуд мебошад. То имрӯз 330 тонна гӯшт, 2040 тонна шир, 738 ҳазору 300 дона тухм, 27 тонна асал, 1 тоннаю 800 кило моҳӣ истеҳсол шудааст»,- афзуд Хайриддин Одинаев.

Кишоварзони ноҳияи Ховалинг дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  сармашки кори худ намуда, ҳар ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода мебаранд ва  аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ саҳм мегузоранд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2023 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид