ОБОДӢ ДАР МАҲАЛ. Роҳи деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав асфалтпӯш гардид

Сентябрь 23, 2023 17:22

ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи деҳаи Аҷами Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 пурра асфалтпӯш шуда, ба масофаи зиёда аз 2 километр то деҳаи Дӯстӣ мумфарш мегардад.

Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, дар давраи татбиқи ин лоиҳа дар ноҳия садҳо симчӯб ба пояҳои бетонӣ иваз, якчанд хат ва чоҳҳои амудии оби ошомиданӣ кашидаву насб гардид ва майдончаи варзишӣ, муассисаи таълимӣ ва бунгоҳи тиббӣ бунёд шуданд.

Мавриди тазаккур аст, ки татбиқи чунин лоиҳаҳои созандаву бунёдкорона ба рушду пешрафт ва некӯаҳволии сокинони ноҳия ва мардуми ҷумҳурӣ равона буда, тавассути ибтикороти созандаву бунёдкорона ва самараи сиёсати муваффақонаи хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Сентябрь 23, 2023 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд