ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. 4-5 октябр дар ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 21.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4-5 октябр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ байни мардон: 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81кг, 90 кг, 100 кг, +100кг ва 3 вазн байни занон: 52 кг, 57кг ва -63 кг доир мегардад. Барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ даъват шудаанд. Ғолибон бо медалу ҷоизаҳои пулӣ: ҷои якум -27 ҳазору 500 сомонӣ, ҷои дуюм- 16 ҳазору 500 сомонӣ ва ду ҷои сеюм бо 11 ҳазор 000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ёдовар мешавад, ки 19-20 сентябри соли 2022 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи 9-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардида буд. Дар рӯзи охири Мусобиқаи 9-уми байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар шаҳри Хуҷанд рақобатҳо аз рӯи 3 вазн ( -90 кг, -100 кг ва +100 кг) доир шуданд.
Мавриди тазаккур аст, ки мусобиқа барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо аз соли 2013 доир мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






