«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Аз 12 то 14 сентябр дар пойтахт мусобиқаи варзишӣ оид ба гандбол доир мешавад

Сентябрь 12, 2023 16:45

ДУШАНБЕ, 12.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ оид ба гандбол байни писарон ва духтарон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба  шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Иттилоъ дода шуд, ки мусобиқаи мазкур аз 12 то 14 сентябр идома ёфта, дар он 10 даста, аз ҷумла 5 дастаи духтарон ва 5 дастаи писарон байни ҳам маҳорат ва малакаи варзишӣ месанҷанд.

Дар маросими оғози мусобиқа вобаста ба рушди соҳаи варзиш дар пойтахт, ҷалби наврасону ҷавонон, алалхусус духтарон ба намуди варзиши гандбол, инчунин самараноку мақсаднок истифода намудани иншооти варзишии пойтахт сухан гуфта шуд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Сентябрь 12, 2023 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст