Озмоишгоҳи миллии референсӣ ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Тоҷикистон эътироф шуд

Сентябрь 20, 2023 08:54

ДУШАНБЕ, 20.09.2023. /АМИТ «Ховар»/.Муассисаи​ давлатии​ «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»-и​ Вазорати​ тандурустӣ​ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мактуби расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро дар бораи эътирофи ин муассиса ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода Директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) оид ба давлатҳои Аврупо Ҳанс Клюге ирсол намуд.

​ 6 октябри соли 2021 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи​ давлатии​ «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»-ро ҳамчун Маркази эҳтимолии миллии мубориза бар зидди зуком дар мамлакат муайян намуда буд. Бо истифода аз татбиқи нақшаи умумии ​ II Саҳми шарикӣ дар механизми таъмини омодагӣ ба пандемия барои солҳои ​ 2018-2023 СУТ ва дигар шарикони байналмилалӣ барои таъмини озмоишгоҳ бо техникаи зарурӣ кумак расониданд.

Моҳи марти соли 2023 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУТ дархост ирсол намуд, ки Муассисаи​ давлатии​ «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»-ро ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эътироф намояд.

​ ​ ​АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2023 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд