Президенти Тоҷикистон: «Шумораи донишгоҳу донишкадаҳо нисбат ба замони то истиқлол чор баробар ва донишҷӯён се баробар афзудааст»
ДУШАНБЕ, 01.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни суханронӣ дар Дарси сулҳ ба муносибати Рӯзи дониш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки илова ба ҳазорҳо муассисаи таълимие, ки то имрӯз бунёду навсозӣ гардидаанд, шумораи донишгоҳу донишкадаҳо нисбат ба замони то истиқлол чор баробар ва донишҷӯён се баробар афзудааст.
Савари давлат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки баъзе таҳлилгарон корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардидаро нодида мегиранд. «Онҳо фаромӯш намудаанд, ки аҳолии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ қариб ду баробар зиёд гардид. Афзоиши аҳолӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаи маориф таъсир мерасонад. Яъне талабот ба мактаб ва ҷойи нишаст барои хонандагон зиёд мешавад», -хотиррасон намуданд Президенти Тоҷикистон.
Ба таъкиди Пешвои миллат, раванди бунёд намудани то 200 муассисаи таълимӣ дар як сол, ки ҳамасола амалӣ шуда истодааст, кори саҳлу осон нест.
«Як нуктаи муҳимро фаромӯш набояд намуд, ки мо бо сабабҳои ба ҳама маълум фақат аз соли 2000-ум имконият пайдо намудем, ки ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бартарафсозии мушкилоти соҳаи маориф машғул шавем», -илова намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
АКС: АМИТ «Ховар»








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






