Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд

Сентябрь 14, 2023 11:20

ДУШАНБЕ, 14.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масоили шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии давлатҳо, ҳамчунин рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи олӣ, ки 14 ва 15 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла имконияти афзоиши ҳаҷми гардиши молро муҳокима намуданд.

Аз робитаҳои самарабахши доираҳои соҳибкории ду давлат ва натиҷаҳои Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки чанд рӯз пеш дар Тоҷикистон баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯи судманд доир шуд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев 14.09.2023

Сентябрь 14, 2023 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд