Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо фаъолону сокинони ноҳияи Рашт вохӯрӣ намуд

Сентябрь 5, 2023 16:39

РАШТ, 05.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт 4 сентябр дар толори қасри фарҳанги шаҳраки Ғарм бо фаъолону сокинони ноҳияи Рашт вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.

Зимни суҳбат Маҳмадтоир Зокирзода дар мавзуъҳои ваҳдату ягонагӣ, дастовардҳои мардуми мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ сухан гуфт.

Маҳмадтоир Зокирзода зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон доир ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоот бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мулоҳизаҳои судманд баён намуд.

Иштироккунандагони маҷлис иброз намуданд, ки воқеан мардуми дурандешу худогоҳи ноҳияи Рашт заҳмату талош ва кору хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадрдонӣ менамоянд ва тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллатро чун ҳарвақта сармашқи кори худ намуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои олии пешгирифтаи Ватани азизамон содиқона меҳнат менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Сентябрь 5, 2023 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд