«РОҒУН — ИНШООТИ ИТТИҲОДУ ИФТИХОРИ МО…». Бо бунёди НБО «Роғун» истиқлолияти энергетикӣ таҳким бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки яке аз иншооти муҳиму бузурги стратегии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, беш аз чордаҳ ҳазор нафар кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд, ки 95 фоизашонро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Чунин гуфт дар суҳбат бо гурӯҳи рӯзноманигорон муовини директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи /ҶСК/ «Неругоҳи барқи обии «Роғун» оид ба истеҳсолот Қурбонназар Давронов.
Намояндагони ВАО бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуданд
Сафари намояндагони расонаҳои хабарӣ ба НБО-и «Роғун» бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» амалӣ гардида, хабарнигорон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои гуногуни ин иншооти бузурги аср, аз қабили нақби сохтмонии қабати чаҳорум, ядрои сарбанд, обқабулкунакҳои доимӣ, нақби нақлиётии Т-18 ва толори мошинҳо шинос шуданд. Ҳадафи сафар ба неругоҳ шиносоӣ бо ҷараёни корҳо, зарфияти ин иншооти бузург аср ва таъсири он ба раванди рушд мебошад.
Иқтидори солонаи «Роғун» — 17 миллиард кВт соат неруи барқ дар як сол
Муовини директори ҶСК НБО –и «Роғун» Қурбонназар Давронов доир ба таърих ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузурги стратегӣ ба хабарнигорон маълумот дода, гуфт, ки «Роғун» дар рӯди Вахш бунёд гардида, як қисми силсиланеругоҳҳои Вахш аст ва бо иқтидори 3600 МВт бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.
Дар бинои неругоҳ шаш агрегати гидроэлектрикӣ бо иқтидори 600 МВт бо турбинаҳои радиалӣ-меҳвар насб мешаванд.
Истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар НБО «Роғун» дар як сол беш аз 17 миллиард кВт/соатро ташкил хоҳад дод.
«Роғун» — баландтарин сад дар ҷаҳон
Сарбанди неругоҳ бо баландии 335 метр баландтарин сарбанд аз санг дар ҷаҳон буда, обанбори «Роғун»-ро бо ҳаҷми умумии 13,3 км3 ва ҳаҷми муфиди 10,3 км³ ташкил медиҳад. Неругоҳи «Роғун» ҳамчун маҷмааи гидроэнергетикии гуногунҳадаф, аз ҷумла барои тавлиди неруи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва хушксолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳисоботи пешакӣ ва ниҳоии баҳогузорӣ ба НБО-и «Роғун» соли 2014 интишор ёфт
Сохтмони «Роғун» ҳанӯз солҳои 70-уми асри XX оғоз ёфта, бо баъзе сабабҳо аввали солҳои 90-ум боз монд. Соли 2007 Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти талабот ва стандартҳои муосири бехатарӣ ба Бонки ҷаҳонӣ барои ташхиси байналмилалии лоиҳа муроҷиат намуд. Асосноккунии техникии иқтисодӣ ва арзёбии таъсири муҳити
зист ва иҷтимоӣ соли 2011 таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ бо иштироки ширкатҳои байналмилалӣ ва ду Гурӯҳи коршиносони мустақил — оид ба муҳандисӣ ва бехатарии сарбанд ва арзёбии таъсири иҷтимоӣ ва экологӣ оғоз шуд. Ҳадафи асосии ин таҳқиқот муайян намудани имконпазирии лоиҳаи пешниҳодшудаи неругоҳ ва арзёбии мустақилона ва объективии лоиҳаи пешниҳодшуда бо дарназардошти омилҳои техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ буд. Ҳисоботи пешакӣ ва ниҳоии баҳогузорӣ ба НБО-и «Роғун» соли 2014 интишор ёфта буд, ки ба охир расидани раванди арзёбӣ мебошад.
Тарҳи «Роғун» мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии бехатарӣ аст
Тибқи ин арзёбиҳо, Лоиҳаи сохтмони «Роғун» аз ҷиҳати техникӣ, экологӣ ва иқтисодӣ мувофиқ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии бехатарӣ эътироф гардид. Дар сурати бо иқтидори пурра ба кор андохтани НБО-и «Роғун» норасоии неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон пурра пӯшонида шуда, имконияти содиротии низоми энергетикии Тоҷикистон низ меафзояд. Муҳлати истифодаи тамоми маҷмааҳои гидроэнергетикии силсилакӯҳи Вахш низ дароз мешавад ва барои танзими силсиланеругоҳҳои обӣ имконияти техникӣ пайдо мешавад, ки ин кори низоми энергетикиро ҷоннок намуда, тавлиди неруи барқро дар истгоҳҳои поёноб зиёд менамояд.
Истеҳсоли 6 миллиард кВт соат неруи барқ ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ
29 октябри соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори техникаи вазнин зарфи якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди «Роғун» оғоз бахшиданд. Аввалин агрегати неругоҳи «Роғун» 16 ноябри соли 2018 ва чархаи дуюм 9 сентябри 2019 ба кор андохта шуд. Аз оғози фаъолияти ду агрегати неругоҳ то имрӯз беш аз 6 миллиард кВт соат неруи барқ ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ истеҳсол ва ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст.
Бунёди «Роғун»- намунаи беназири ватандӯстӣ ва мардонагӣ
Қурбонназар Давронов афзуд, ки кормандони неругоҳ бо азму иродаи қавӣ ва дасту бозуи фарҳодона бо шукргузорӣ аз файзи истиқлол имрӯзҳо дар ин иншооти бузурги стратегӣ саргарми кор мебошанд. Мавсуф афзуд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи саросарӣ неъмати бузург аст. Алҳол дар неругоҳи «Роғун» корҳои
сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 60 ташкилоту муассиса, пудратчиёни ватаниву хориҷӣ ва зиёда аз 14,5 ҳазор коргарону муҳандисон ва техникҳо бо суръат идома, мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, зиёда аз 3 ҳазорро ташкил медиҳанд. Сохтмони неругоҳ аз коргарону мутахассисон ва нақбканҳо заҳмат ва матонат тақозо менамояд, чунки 90 фоизи корҳо дар зери замин анҷом дода мешаванд. Бунёди «Роғун» барои коргарон мактаби нодир аст, зеро садҳо нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода менамояд. Ҳазорҳо мутахассисону коргарони маҳаллии бонангу номус бо дасту дили гарм ва азму иродаи қавӣ меҳнат намуда, дар бунёди ин кохи нур саҳми худро гузошта истодаанд.
«Роғун»- майдони бузурги мардонагӣ ва нангу номуси миллӣ
Қурбонназар Давронов таъкид намуд, ки ҳар боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни сохтмони неругоҳ руҳияи коргарону мутахассисонро болида намуда, онҳо ҳидоятҳои Сарвари давлатро барои босифат анҷом додани кор дар ин иншооти стратегӣ сармашқи кори худ қарор додаанд. Сохтмончиёни ин иншооти бузург дар ин майдони нангу номуси миллӣ заҳмати созанда, шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон медиҳанд. Воқеан имрӯз «Роғун» ба майдони бузурги мардонагӣ, ба камол расонидани мутахассисони соҳаи энергетикаи тоҷик табдил ёфта, намунаи барҷаста ва беназири ватандӯстӣ ва мардонагӣ аст.
«Роғун» — тарҳи беназири гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ
«Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, бо истифодаи неруи барқи ин иншоот ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ -саноатикунонии мамлакат имконияти мусоид фароҳам оварда мешавад. Инчунин он ба рушди иқтисодиёти индустриалӣ – аграрӣ ва истеҳсоли «неруи сабз», ҳифзи экология дар доираи тарҳи CASA–1000 ба афзоиши содироти неруи барқ ба бозорҳои энергетикии минтақа мусоидат менамояд. Бо ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он ин неругоҳ метавонад барои ҳалли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши муассир дошта бошад. Корҳои сохтмонӣ алҳол дар дигар чархаҳои неругоҳ идома дошта, марҳила ба марҳила бо ҷаҳду талоши муҳандисону сохтмончиён ба истифода дода мешаванд.
Тоҷикистон бо бунёди «Роғун» ба истиқлоли энергетикӣ мушарраф мегардад
Ин иншооти бузурги аср бо маҷмааи иншооти зеризаминӣ ва баландтарин сарбанди гидротехникии дунё Тоҷикистонро пурра аз буҳрони энергетикӣ раҳо мебахшад ва омили рушд ва боло рафтани сатҳи иқтисодиёти мамлакат, баланд гардидани вазъи иҷтимоӣ ва некуаҳволии мардум мегардад. Имрӯз «Роғун» ба майдони воқеии нангу номус, арсаи фидокории мардум ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистон табдил гардидааст. Бо пурра ба истифода додани неругоҳ Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ мушарраф мегардад, ки он бозгӯи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар минтақа мебошад.
Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»,
Душанбе-Роғун-Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»