Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Туркманистон рушд меёбанд

Сентябрь 15, 2023 14:09

ДУШАНБЕ, 15.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо раиси кумита оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарлумонии Маҷлиси Туркманистон Бегмурат Муҳаммедов, ки ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои канории Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки пояи сиёсии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун ду мамлакати соҳибистиқлол 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» гузошта шудааст.

Рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон сафарҳои расмии мутақобилаи Сарони давлатҳо ба шумор мераванд.

Дар доираи вохӯриҳои мунтазами Сарони ду мамлакат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон ба таври амиқ баррасӣ гардида, инчунин самтҳои афзалиятнок ва дурнамои тақвияти минбаъдаи онҳо муайян гардидаанд.

Байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Туркманистон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъол ҳастанд. Ҳадаф аз таъсиси ин гурӯҳҳо низ фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди равобити байнипарлумонии мамлакатҳои мо мебошад.

Дар маҷмуъ вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон тамоюли мунтазами рушдкунанда дорад. Дар онҳо ҷараёни амалисозии кӯшишҳои дуҷонибаи мамлакатҳо баҳри ҳамкории бисёрҷабҳа дар асоси иқтидор ва талаботи ҳар ду давлат ба мушоҳида мерасад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2023 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид