Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Туркманистон рушд меёбанд
ДУШАНБЕ, 15.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо раиси кумита оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарлумонии Маҷлиси Туркманистон Бегмурат Муҳаммедов, ки ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои канории Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки пояи сиёсии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун ду мамлакати соҳибистиқлол 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» гузошта шудааст.
Рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон сафарҳои расмии мутақобилаи Сарони давлатҳо ба шумор мераванд.
Дар доираи вохӯриҳои мунтазами Сарони ду мамлакат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон ба таври амиқ баррасӣ гардида, инчунин самтҳои афзалиятнок ва дурнамои тақвияти минбаъдаи онҳо муайян гардидаанд.
Байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Туркманистон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъол ҳастанд. Ҳадаф аз таъсиси ин гурӯҳҳо низ фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди равобити байнипарлумонии мамлакатҳои мо мебошад.
Дар маҷмуъ вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон тамоюли мунтазами рушдкунанда дорад. Дар онҳо ҷараёни амалисозии кӯшишҳои дуҷонибаи мамлакатҳо баҳри ҳамкории бисёрҷабҳа дар асоси иқтидор ва талаботи ҳар ду давлат ба мушоҳида мерасад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






