Сафари Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон анҷом ёфт

Сентябрь 15, 2023 14:40

ДУШАНБЕ, 15.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми 15 сентябр пас аз иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардиданд, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев аз шаҳри Душанбе ба Остона баргашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуда, масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла имконияти афзоиши ҳаҷми гардиши молро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Кохи Борбад дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҳамроҳ бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» иштирок намуда, пас аз он дар шаҳри Душанбе бо Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ шинос шуд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2023 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар Русия имконияти вилояти Суғд муарифӣ гардид
НАВИДИ ФАРҲАНГӢ! «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд
Дар Танзания рушди ҳамкории Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо Шарики глобалӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо волии вилояти Денизли мулоқот намуд
Дар Душанбе табодули таҷрибаи мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ Сафири навтаъйини Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфтанд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо
Бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ширкати «Masdar» дар Тоҷикистон лоиҳаҳои энергияи барқароршавандаро бо иқтидори умумии 1000 МВт татбиқ менамояд
Дар Душанбе Форуми миллии волонтёрон мегузарад
Дар шаҳри Хоруғ коргоҳи коркарди гиёҳҳои шифобахш таъсис меёбад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» мусовӣ анҷом ёфт