Сафари Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон анҷом ёфт

Сентябрь 15, 2023 11:34

ДУШАНБЕ, 15.09.2023./ АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пас аз иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ, ки 14 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев аз шаҳри Душанбе ба Боку баргашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуда, маҷмуи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳокима гардиданд.

Ҳамзамон Илҳом Алиев дар Кохи Борбад дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» иштирок намуда, пас аз он дар шаҳри Душанбе бо Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ шинос шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2023 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Иттиҳоди Аврупо ба сармоягузории рушди долонҳои иқтисодию нақлиётии Тоҷикистон омодагии худро баён намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев мулоқот анҷом доданд
Дурнамои рушди Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои 3-5 соли оянда баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон: «Бояд дар мамлакат сафи соҳибкорзанон зиёд шавад»
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Дар даври охирин «Истиқлол» бо «Ал-Наср» ва «Персеполис» бо «Ал-Дуҳайл» бозӣ менамоянд
Комиссияи Иттиҳоди Аврупо омодаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод бо Тоҷикистон аст
Дар Душанбе Мактаби химикони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегузарад
Раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои навсозии Мадрасаи Хоҷа Машҳад шинос шуд
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш дар Туркманистон соҳиби 2 медали биринҷӣ шуданд
Дар Душанбе протоколи ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XXIII Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд