Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Кантслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон, вазири федералии иқтисодиёт ва ҳифзи иқлим Роберт Хабек мулоқот намуданд

Сентябрь 29, 2023 20:20

ДУШАНБЕ, 29.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” бо ноиби Кантслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон, вазири федералии иқтисодиёт ва ҳифзи иқлим Роберт Хабек мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки густариши ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самтҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноати кӯҳию хӯрокворӣ, кишоварзӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, ҷалби сармоя ва технологияи пешрафтаи Олмон ба иқтисодиёти Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Барои таҳкими ҳамкории гуногунҷабҳа татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои муҳитизистӣ, бахусус татбиқи ташаббусҳои обу иқлимии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судмандро дар ин замина идома хоҳанд дод.

Сентябрь 29, 2023 20:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд