Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Сентябрь 20, 2023 13:11

ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ устувор мусоидат намоянд. Дар ин хусус Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 19 сентябр зимни суханронӣ дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор ибрози андеша намуданд.

«Мо, бо назардошти хатару таҳдидҳои муосир, аз амалҳои махсус, ки ба рушд равона шудаанд, ҷонибдорӣ менамоем, — таъкид доштанд Сарвари давлат. — Пайомадҳои манфии хатару таҳдидҳои муосир ба кӯшишҳои мо ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд».

Тазаккур дода шуд, ки бахусус оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим, ки давоми даҳсолаҳои охир бештар ба назар мерасанд, мисоли возеҳи ин гуфтаҳо мебошанд.

Ба таъкиди Пешвои миллат, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим афзоиш ёфтани хавфи офатҳои табиӣ ва осебпазирии аҳолӣ аз он дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар роҳи ноил шудан ба рушди устувор мебошад. Илова бар ин, тайи даҳсолаҳои охир ба таври назаррас об шудани пиряхҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки пайомади он барои тамоми минтақа нигаронкунанда аст.

Президенти мамлакат дар идома иброз доштанд, ки андешидани тадбирҳои самарабахш дар самти тағйирёбии иқлим муттаҳидсозии кӯшишҳоро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ тақозо менамояд.

«Албатта, гузариш ба рушди иқтисоди «сабз» сармоягузориҳои назаррасро барои рушди инфрасохтор ва истеҳсоли энергияи «сабз» аз манбаъҳои барқароршаванда талаб менамояд. Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории муассир бо шарикони рушд омодагии хешро изҳор медорад», — баён доштанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми суханронӣ.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2023 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
14-16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025» баргузор мешавад
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»