Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Сентябрь 20, 2023 13:11

ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ устувор мусоидат намоянд. Дар ин хусус Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 19 сентябр зимни суханронӣ дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор ибрози андеша намуданд.

«Мо, бо назардошти хатару таҳдидҳои муосир, аз амалҳои махсус, ки ба рушд равона шудаанд, ҷонибдорӣ менамоем, — таъкид доштанд Сарвари давлат. — Пайомадҳои манфии хатару таҳдидҳои муосир ба кӯшишҳои мо ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд».

Тазаккур дода шуд, ки бахусус оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим, ки давоми даҳсолаҳои охир бештар ба назар мерасанд, мисоли возеҳи ин гуфтаҳо мебошанд.

Ба таъкиди Пешвои миллат, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим афзоиш ёфтани хавфи офатҳои табиӣ ва осебпазирии аҳолӣ аз он дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар роҳи ноил шудан ба рушди устувор мебошад. Илова бар ин, тайи даҳсолаҳои охир ба таври назаррас об шудани пиряхҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки пайомади он барои тамоми минтақа нигаронкунанда аст.

Президенти мамлакат дар идома иброз доштанд, ки андешидани тадбирҳои самарабахш дар самти тағйирёбии иқлим муттаҳидсозии кӯшишҳоро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ тақозо менамояд.

«Албатта, гузариш ба рушди иқтисоди «сабз» сармоягузориҳои назаррасро барои рушди инфрасохтор ва истеҳсоли энергияи «сабз» аз манбаъҳои барқароршаванда талаб менамояд. Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории муассир бо шарикони рушд омодагии хешро изҳор медорад», — баён доштанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми суханронӣ.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2023 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»