Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо ширкатҳои Узбекистон, Туркия ва Русия 6 ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар доираи «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023» дар мавзӯи «Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ, имкониятҳои рушди соҳа» ҷаласаи панелӣ доир гардид, ки дар он соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз омилҳои рушди иқтисоди миллӣ, муаррифгари фазои сармоягузорӣ ва воситаи тарғибу ташвиқи имконот, рушд ва тараққиёти мамлакат мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи чорабинӣ муаррифии бештари шароит ва имконоти фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин фароҳамсозии имконият барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат арзёбӣ гардид.
Дар ҷаласа мавзуъҳои соҳаи сайёҳӣ ва ислоҳоти он, имтиёзҳои соҳаи сайёҳӣ, муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ҳамчун омили муҳими истифодаи босамари захира ва имкониятҳои сайёҳӣ, самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар Тоҷикистон, бренди сайёҳӣ ва раванди ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, истифодаи самараноки обҳои минералӣ ва шифобахш, гиёҳҳо ва иқтидорҳои табобатии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми чорабинӣ барои тақвияти ҳамкории муқштарак дар самти бахши сайёҳӣ байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои Узбекистон, Туркия ва Русия Россия 6 ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






