Сомонаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав фаъол гардид

Сентябрь 21, 2023 11:26

ДУШАНБЕ, 21.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи Кумитаи рушди сайёҳӣ www.ctd.tj дар таҳрири нав бо истифода аз шаклу дизайни навин ва мукаммалгардонии равзанаҳои муҳими иттилоотию таблиғотӣ ба фаъолият шуруъ намуд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки сомона дар асоси ҳамкорӣ аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи барномасозии ҶДММ «Сомонтехнолоҷи» таҳия гардидааст.

Пайгирон метавонанд тариқи сомона аз тамоми самтҳои фаъолияти соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон бархурдор гарданд. Аз ҷумла, равзанаҳои «Тағйирёбии вазъи боду ҳаво дар реҷаи онлайнӣ», «Тағйирёбии вазъи қурби асъор дар реҷаи онлайнӣ», равзанаи алоҳидаи «Хабарҳои охирин», «Истиноди муфид», омори сайёҳӣ ва нишондиҳандаҳои инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ворид шудаанд, ки барои истифодабарандагон, бахусус сайёҳони хориҷӣ муфид арзёбӣ мегарданд.

Ҳамзамон сомона бо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ, Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мукаммал гардонида шудааст.

Тамоми маълумот дар сомона бо 3 забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудааст.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 21, 2023 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд