Тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар дар Ямайка муаррифӣ шуданд

Сентябрь 26, 2023 18:29

ДУШАНБЕ, 26.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии назорати  маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар  Конфронси 37-уми байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир (IDEK XXXVII), ки аз 19 то 21 сентябр дар шаҳри Сент Ҷеймси Ямайка баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.

Директори Агентӣ оид ба вазъи назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар самти мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар, мушкилоти қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва таҳдиду хатарҳои он сухан гуфта, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳалли масъалаҳои қочоқ ва мушкилоти мубориза бо маводи мухаддир ҷалб намуд.

Дар конфронс намояндагони 138 давлати ҷаҳон ва якчанд созмону ташкилоти байналмилалию минтақавӣ иштирок доштанд.

Ҳамчунин дар чорчӯбаи конфронс ҷиҳату рушду тақвияти ҳамкорӣ Директори Агентӣ бо намояндагони масъули Агентии мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (DEA) ва роҳбарони ҳайатҳои мақомоти зиддимухаддиротии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар ва Кореяи Ҷанубӣ вохӯриҳо доир намуд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо масъалаи таҳкими ҳамкории дуҷониба тавассути ба имзо расонидани санадҳои нав ва дар заминаи онҳо ҷалб намудани кумакҳои молиявӣ ва моддӣ-техникӣ барои баланд бардоштани иқтидори Агентӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2023 18:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид