Тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар дар Ямайка муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 26.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар Конфронси 37-уми байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир (IDEK XXXVII), ки аз 19 то 21 сентябр дар шаҳри Сент Ҷеймси Ямайка баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.
Директори Агентӣ оид ба вазъи назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар самти мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар, мушкилоти қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва таҳдиду хатарҳои он сухан гуфта, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳалли масъалаҳои қочоқ ва мушкилоти мубориза бо маводи мухаддир ҷалб намуд.
Дар конфронс намояндагони 138 давлати ҷаҳон ва якчанд созмону ташкилоти байналмилалию минтақавӣ иштирок доштанд.
Ҳамчунин дар чорчӯбаи конфронс ҷиҳату рушду тақвияти ҳамкорӣ Директори Агентӣ бо намояндагони масъули Агентии мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (DEA) ва роҳбарони ҳайатҳои мақомоти зиддимухаддиротии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар ва Кореяи Ҷанубӣ вохӯриҳо доир намуд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо масъалаи таҳкими ҳамкории дуҷониба тавассути ба имзо расонидани санадҳои нав ва дар заминаи онҳо ҷалб намудани кумакҳои молиявӣ ва моддӣ-техникӣ барои баланд бардоштани иқтидори Агентӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави милитсияи деҳоти Зайнабобод ба истифода дода шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз сатҳи дониш, касбият ва забондонии кормандон вобаста аст»
Дар шаҳри Ҳисор бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ баъди таъмир ба истифода дода шуд
ҲОМИЁНИ НАЗМУ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ. Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил гардид
Рӯзи милитсияи тоҷикро дар Хуҷанд ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Бадахшон бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши идона доир шуд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ Рӯзи милитсияи тоҷик ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР – РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон ислоҳоти милитсия идома дорад
Президенти Тоҷикистон: «Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар солҳои бисёр душвору ҳассос саҳми таърихӣ гузоштанд»
Дар Ироқ масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияту бехатарӣ баррасӣ шуд
МУҲОФИЗАТГАРИ БОЭЪТИМОДИ ХАЛҚУ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи милитсия
Дар Москва нишасти сездаҳуми котибони Шурои амнияти кишварҳои ИДМ баргузор шуд






