ТАВАҶҶУҲ! Аз 15 сентябр то 25 декабр ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи А.Қаҳҳорови шаҳри Душанбе қатъ мешавад

Сентябрь 12, 2023 18:10

ДУШАНБЕ, 12.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 сентябр то 25 декабри соли 2023 бинобар сабаби оғози корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи А.Қаҳҳорови шаҳри Душанбе ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар ин кӯча қатъ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари дар ин масир фаъолияткунанда, аз қабили хатсайрҳои автобусии №№ 6, 43 ва хатсайри микроавтобусии №11 тағйирот ворид шуда, фаъолияти онҳо  то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои С.Шерозӣ, Н.Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад.

Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи А.Қаҳҳоров истифода баранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 12, 2023 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад